Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро мавриди истифода қарор доданд

Июль 5, 2023 07:11

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи навбунёди тандурустӣ дорои 2 ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Беморхона дорои 90 ҳуҷра аст, ки дар онҳо шароити арзандаи кору фаъолият ва хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонида шавад.

Дар беморхонаи тозабунёд барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхонаи минтақавӣ шумораи кормандон аз 35 нафар ба 80 нафар ва қабули беморон ба 100 нафар расид.

Сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, тариқи он ба 25 ҳазор сокини 7 деҳа хизмати босифати тиббӣ расонида мешавад.

Тибқи лоиҳа, Маркази саломатии деҳаи Урметан дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавӣ ҷойгир карда шудааст, ки он дорои шароити хуби корӣ мебошад.

Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” сохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Урметан муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.

Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 05.07.2023

Июль 5, 2023 07:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст