Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳақиқат мисли Офтоб аст ва тавре мардуми мо мегӯянд, онро бо доман пӯшонида намешавад. Дар баробари ин ҳақиқат талх аст, ҳарчанд дар фарҷом меваи ширин ба бор меорад. Бинобар ин ҳамеша ҳақиқатро гуфтан зарур аст. Вале танқид на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад» — иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10 марти соли 2012 баргузор шуда буд.

«Гармшавии глобалӣ»

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ аз 24 июли соли ҷорӣ суханони зерини Пешвои миллатро дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашр намудааст: «Қабули панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлати мо дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад». Воқеан ҳам ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи асосии сарчашмаи ҳаёт — оби ошомиданӣ мебошад, аз мавзуъҳои муҳими ҷаҳони имрӯза мебошад. Зеро абарқудратҳои ҷаҳонӣ дер ё зуд аз истифодаи амалиёти ҷангӣ, ки ҳоло дар ҳудуди кишварҳои муайян идома доранд, даст мекашанд, созиш мекунанд ва таваҷҷуҳи худро ба мушкилоти ҷаҳонии замони муосир — тағйирёбии иқлим равона менамоянд. Ба ифодаи дигар, ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат барои ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзуи гармшавии саросарии олам ва оқибатҳои он амали саривақтӣ, зарур ва муҳим мебошанд. Дар идомаи мавзуи ишорагардида мақолаи «Гармшавии глобалӣ. Инсоният марҳалаи мушкилро аз сар мегузаронад» дар саҳифаи аввали нашрия чоп шудааст. Муаллифи мақола М.Қодирова навиштааст: «Ҳарчанд дар тағйирёбии иқлим худи инсоният нақш дорад ва ё кори дасти он аст, боз ҳам инсоният муваззаф аст барои рафъи он тадбир андешад. Барои ин, пеш аз ҳама, лозим аст, ки кишварҳои олам ба энергияи барқароршаванда гузаранд ва тадриҷан аз истифодаи сӯзишвории нафтӣ даст кашанд. Вале барои ин триллионҳо доллар лозим аст, то неругоҳҳои офтобию шамолӣ сохта, мошинҳои барқӣ ҷои нақлиёти бо бензину дизел ҳаракаткунандаро гиранд. Гузашта аз ин, шабакаҳои барқӣ навсозӣ гарданд. Вале дарёфти сармоягузорон барои пиёда сохтани ин ҳадафҳо дар шароите, ки ҷаҳонро буҳрони энергетикӣ ва озуқаворӣ гиребонгир аст, кори саҳлу сода нест». Муаллиф дар идома навиштааст, ки: «мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист дар миқёси байналмилалӣ яке аз кишварҳои ташаббускор эътироф гардида, аз рӯи партови газҳои гулхонаӣ мавқеи пасттарин – ҷойи 130-юмро ишғол менамояд… Бо вуҷуди ин Тоҷикистон аз зарари тағйирёбии иқлим zithromax-azithromycin-news.net ва аз 13 ҳазор пиряхи мамлакат то кунун ҳазортоаш комилан об шудааст. Ҳаҷми пиряхи Федченко, ки дар хушкӣ воқеъ асту яке аз бузургтарин арзёбӣ мегардад, коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр, тағйирёбии иқлим имрӯз ба мушкили воқеан ҷиддӣ мубаддал гашта, таъсири онро инсонҳо бо ҷисму руҳашон эҳсос намуда истодаанд».

Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 25 июли соли 2023 хабари расмӣ оид ба суҳбати телефонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва се мақолаи муаллифиро бо сарлавҳаҳои «Эмомалӣ Раҳмон — аз сарбози содиқу намунавӣ то Пешвои тоҷикони ҷаҳон», «Телефон чӣ гуна «узви бадан»-и мо шуд?», «Рӯзномаи «Самарқанд» ва талошҳои маорифпарварӣ» пешкаши хонандагон намудааст. Мақолаи «Эмомалӣ Раҳмон — аз сарбози содиқу намунавӣ то Пешвои тоҷикони ҷаҳон» хотираҳои сокинони ноҳияҳои гуногуни мамлакатро, ки солҳои 1971-1974 дар флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, дар уқёнуси Ором, ҳамроҳи Пешвои миллат хизмат намудаанд, нақл менамояд, ки бешак, азҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Шуруъ аз 1 август дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии мамлакат пардохти ҳама гуна хизмарасонии давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, дар шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» аз 26 июли соли 2023 бо сарлавҳаи «Пардохти ҳушманд чӣ тавр амалӣ мешавад?» мақола дар мавзуи рӯз нашр шудааст. «Дар амалӣ намудани пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ саҳми ширкатҳои таъмини интернет низ калон хоҳад буд. Дар бобати баланд кардани суръати интернет ва арзон намудани арзиши он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқа супориш дода буданд, аммо вазъ то имрӯз тағйир наёфтааст. Ҳамчунин аҳолии деҳот ба интернет дастрасӣ надоранд, ки монеи татбиқи Фармони мазкур мегардад. Дар робита ба ин, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва коммуникатсиониро зарур аст, ки доир ба таъмини интернет дар деҳот андеша намоянд, то онҳо низ пардохтҳоро ғайринақдӣ анҷом дода тавонанд» — чунин навиштааст муаллифи мақола. Воқеан ҳам масъалаи мазкур хеле ҷиддӣ буда, чӣ гуна босифат амалӣ шудани Фармони Президенти мамлакатро вақт нишон медиҳад.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 24 июли соли равон мақолаҳои муаллифиро бо сарлавҳаҳои «Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф», «Аввалин ҳарфи иттиҳод ба гӯшҳо расид», «Сабаби зиёдшавии хокбориш чист?» чоп намудааст, ки мақолаи Д. Абдулло дар бораи нақши Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ ва мақолаи Ҷ. Темурзода оид ба истиқлоли давлатӣ ва ҳувияти миллӣ нақл менамоянд. Ҳамчунин ба хонандагони нашрия мақолаҳои «Дурӯғ хайру баракатро аз байн мебарад», «Истироҳат гуворост, агар маблағ ҷудо гардад» пешниҳод шудаанд, ки дар мавзуи истироҳати кӯдакон дар айёми таътили мактабӣ ва хатари қаллобон, ки боварии шаҳрвандонро ба даст оварда, маблағҳояшонро аз худ менамоянд, навишта шудаанд.

Тавре ки гуфта шуд, аксари нашрияҳои чопии мамлакат ба мавзуи тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва таъсири он ба одамон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ «Народная газета» низ дар ин мавзуи рӯз бо сарлавҳаи  «Пиряхҳо бо суръати рекордӣ об мешаванд» мақолаи муаллифӣ чоп намудааст. Муаллиф менависад, ки гармии ғайримуқаррарӣ се қитъаи олам- Аврупо, Осиё ва Африқоро фаро гирифта, на танҳо ба одамон, ҳамчунин ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, дар натиҷаи гармшавии ҳаво пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ҳастанд, бо суръати баланд об шуда истодаанд. Агар тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида нашаванд, пас эҳтимол аст, ки то охири аср нисфи пиряхҳо (зиёда аз сад пирях) аз рӯи Замин нест шаванд. Дар мақолаи дигари нашрия «Таъсири хокбориш ба муҳити зист» оид ба сабабҳои зиёд шудани хокбориш дар Тоҷикистон ва таъсири он ба муҳити зист андешаҳои мутахассиси соҳа С. Самиев пешниҳоди хонандагон шудааст.

«Пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаи маориф»

 Нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» бо сармақолаи «Таълимоти дуалӣ: афзалият дар омода намудани мутахассисон» пешкаши хонандагон шудааст. Муаллифи мақола Л.Абдулхолиқзода моҳияти таълимоти дуалиро шарҳ дода, менависад, ки «таълимоти дуалӣ — як шакли таълимоте аст, ки дар он қисми назарии таълим дар заминаи муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот, яъне корхонаҳо амалӣ мешавад. Барои дар амал татбиқ намудани равандҳои таълими дуалӣ корхонае, ки ба мутахассис ниёз дорад, бо муасисаи таълимӣ шартнома мебандад…». Идомаи матлабро метавон аз саҳифаи нашрия мутолиа намуд. Дар саҳифаҳои дигари «Омӯзгор» оид ба дастгирии мутахассисони ҷавон, менеҷменти педагогӣ, шарҳу тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва дигар хабару гузоришҳо аз ҳаёти мактабу маориф нашр шудаанд.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз нишастҳои матбуотии Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хабарҳо нашр намуда, ба хонандагони худ мақолаҳои  «Пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаи маориф», «Пахши мустақим аз нишастҳои матбуотӣ чӣ манфиат дорад?» ва мусоҳиба бо ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматовро бо сарлавҳаи  «Баҳодури  «Гулшан ва орзуҳои ҳафтодсолагӣ» пешкаши хонандагон намудааст. Ҳамчунин дар саҳифаҳои нашрия хабару гузориш ва матлабҳо оид ба варзишгарон ва рушди соҳа чоп шудаанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд