«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОБИТА БА ТАНЗИМИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН». Китоби ҳаштуми он ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба танзими қазияи Афғонистон (нимаи аввали соли 2016)» — таҳти ин унвон чанде пеш китоби ҳаштуми олими шарқшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Муҳаммадӣ Сафолзода аз чоп баромад.
Монографияи илмии мазкур идомаи таҳқиқоти фарогири муаллиф бахшида ба силсилаташаббусҳо ва ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба танзими қазияи Афғонистон, минҷумла дар замони ҳузури дуру дарози Эътилофи байналмлалӣ дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ дар ин мамлакат (ISAF) ба ҳисоб меравад, ки онҳо бо он ҳама иқтидор ва тавоноии низомӣ натавонистанд дар мамлакати ҳамсоя сулҳу суботи сартосариро ба эътидол биёваранд.
Чуноне ки аз таҳлили илмии равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар нимаи аввали соли 2016 бармеояд, ҷонибҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа доранд, то ки нақшаҳои минбаъдаи марбут ба тавсеа ва равобити ду мамлакат ба таври самаранок амалӣ шаванд.
Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи асосӣ дар ин самт ба мавзуи тақвияти бозсозӣ ва эҳёи иқтисодиёти баъдазҷангии Афғонистон равона гардидааст, ин ҷараён ба таври оҷил ба дастгирӣ ва заминаи боэътимоде аз берун, ба мисли ҷонибдории молиявии ҷомеаи байналмилалӣ шадидан ниёз дорад.
Дар ҳамин замина асноди дар байни ду мамлакат ба имзо расида дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул моҳи апрели соли 2005, ки онҳо баъди оғози муваффақонаи амалиёти низомии Эътилофи байналмилалӣ дар ин ҷумҳурӣ, ҳамкории ба дурнамо равонагардидаи ду мамлакатро инъикос менамоянд, дорои аҳамияти хос мебошанд.
Маҳз ҳамин аснод, ки соҳаҳои муҳими ҳамкории ҷонибҳоро фаро мегиранд ва дар он Тоҷикистон бо омодагии фарогир ва қадамҳои амалӣ нишон додааст, ки дар доираи имконоти мавҷудаи худ ба ҷараёни эҳёи иқтисодиёти баъдазҷангии Афғонистон, аз ҷумла оид ба тайёр намудани кадрҳо ҷиҳати ҳифзи сарҳадот, дар заминаи дафтари марбутаи намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе дар ин айём фаъолият менамояд, саҳм гузорад. Мавзуи мазкур аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки новобаста аз муборизаи фаъоли ҷомеаи башарӣ ба муқобили терроризми байналмилалӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир баёнгари он аст, ки ин падида бо иловаи экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши инсон ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.
Чуноне ки аз таҳлил ва омӯзиши асарҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд, ин падидаҳои номатлуби аср соли 2016 низ боқӣ монда, хатароти рӯзафзуни онҳо, аз ҷумла дар Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо менамояд, ки ба муқобили онҳо ба таври дастҷамъона мубориза бурда шавад.
Бар илова, тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар заминаи ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи тарҳҳои фарогири стратегӣ, ба монанди соҳаи гидроэнергетика, ки дар худ тарҳи CASA – 1000 – ро амалӣ месозад, аз дурнамои босамари ҳамкорӣ байни мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ шаҳодат медиҳанд, ки ба оянда нигаронида шудаанд.
Вобаста ба ин, муаллифи таҳқиқоти илмӣ М. Сафолзода иқтибосҳоеро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз оғози амалиёти низомии Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон овардааст, ки онҳо таъкид менамоянд: “Дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва экстремизм набояд бархурди дугона дида шавад. Дар ғайри ҳолат, ин мушкилоти аср метавонад пайомадҳои нохуши фарогир ҳам дошта бошад”.
Чуноне ки замони сипаригашта нишон медиҳад, суханони Пешвои муаззами миллат тавонистанд фоҷиаи баъдии ин сарзаминро тасдиқ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид






