Ба муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Левакант таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ расонида шуд

Август 30, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ба муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант кумаки навбатии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастрас шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи барномаи мазкур фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад.

Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1 шаҳри Левакант кумаки молӣ, аз қабили кати дуқабатаи хоб барои кӯдакон, мизу курсӣ, ҷевон барои либос ва бозичаҳои кӯдакон, мизу курсӣ барои мураббиён расонида шуд.

Аз ин амали нек маорифчиёни шаҳри Левакант шод гардида, ба Пешвои миллат ва Вазорати маориф ва илми мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд, зеро ашёи дастрасшуда дар кори таълиму тарбияи насли наврас кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

 

Август 30, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд