Ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зиёда аз 18,6 млрд сомонӣ равона гардидааст

Август 20, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ба соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ зиёда аз 18,6 млрд сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ шуда, аз ҷумла ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 913 млн сомонӣ, маориф 3,1 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,4 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,1 млрд сомонӣ, хоҷагии манзилию  коммуналӣ 964,3 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 585,9 млн сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,1 млрд сомонӣ, кишоварзӣ 883,3 млн сомонӣ, сохтмон ва саноат 128,8 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,7 млрд сомонӣ равона гардид.

Хусусияти иҷтимоии буҷет чун солҳои қаблӣ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 8,2 млрд сомонӣ равона гардид, ки 44,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ«Ховар»

Август 20, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд