БОЗИҲОИ II ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. Варзишгарони тоҷик ба гирифтани 13 медал мушарраф шуданд

Август 15, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо 13 медал (1 тилло, 3 нуқра, 9 биринҷӣ) дар байни 22 давлати ҷаҳон  мақоми ҳаштумро гирифт. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 132 варзишгар аз 13 намуди варзиш муаррифӣ намуданд. Дар ин  хусус шореҳи варзиш АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур Меҳроҷ Суфиҷонов  дар  вазни то 48 кг ба даст овард. Муштзани тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари қирғиз Зафарбек Комиловро мағлуб намуд. Ҳамчунин Анӯшервон Фозилов, муштзани дигари тоҷик дар вазни 51 кг дар ин рӯз соҳиби медали нуқра шуд.

Қабл аз ин аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи муштзанӣ Ҳангома Исоева байни духтарон дар вазни то 57 кило, байни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) дар рақобатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуда буданд.

Дар баробари ин дар бозиҳои варзишии мазкур ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кило соҳиби медали нуқра шуда, Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кило мақоми сеюмро касб намуд.

Дар сабқати гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило- ҳар ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Як медали биринҷии дигарро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар риштаи гӯштини юнону румӣ дар вазни то 60 кило соҳиб шуд.

Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгари тоҷик Деваштич Убайдӣ барандаи медали нуқра аз риштаи самбо шуд. Деваштич дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо сабаби шикастани қабурғааш натавонист барои медали тилло мубориза барад. Ин сеюмин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо гирифтани 13 медал дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус дар мақоми ҳаштум қарор гирифт.

Дар садри ҷадвал аз рӯи шумораи медалҳо аввал дастаи мунтахаби  Русия (288 медал), баъдан дастаи мунтахаби  Беларус (236 медал) ва дастаи мунтахаби Узбекистон (106 медал) қарор гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои 2-юми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 то 13 август  дар 11 шаҳри Беларус бо ҳузури 2200 варзишвар аз 22 давлати ҷаҳон баргузор шуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 20 намуди варзиш доир гардид.

Дар маросими анҷоми бозиҳо Беларус эстафетаи Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ-ро ба Озарбойҷон супурд. Ҳамин тариқ, бозиҳои 3-юми ИДМ соли 2025 дар шаҳри Ганҷа баргузор мешаванд.

                                                                                       АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд