Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода ба сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз бахшида шуд

Август 16, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар оғоз бахшидани корҳои сохтмонӣ иштирок намуда,  ҳамзамон дар ҷамоати деҳот қабули сайёри шаҳрвандон гузаронданд.

Бояд гуфт, ки иншооти  мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд карда мешавад.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкории деҳот роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба меҳнати содиқонаву софдилонаи мардум изҳори сипос намуданд.

Муроҷиати сокинони деҳот, ки бештар ба хотири мусоидат ба ободиву созандагии маҳал, таъмири мактабҳо, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дигар шароит ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон буданд, аз ҷониби раиси шаҳр ҷонибдорӣ ёфтанд.

Тибқи маълумоти расида, дар шаҳри Турсунзода то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 400 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ҳоло корҳо дар иншоот идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 16, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд