Дар Душанбе 83 нафар собиқадорони соҳаи варзиш қадрдонӣ шуданд

Август 11, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Дар он ба 83 нафар собиқадорони соҳаи варзиш туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Барномаи фарҳангиву фароғатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, зимни он барои собиқадорони соҳа дастурхони идона низ ороста шуд.

Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш роҳбарияти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сухан гуфта, аз хизматҳои шоёни ибратбахши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон аз таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдоварӣ гардид. Дар идомаи ҳамоиш ба 83 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуданд.

Махсусан таъкид шуд, ки давоми соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд мешаванд. Ин иқдом ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд.

АКС: Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Август 11, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд