Дар шаҳри Бохтар шуруъ аз моҳи сентябр автобусҳои мусофиркашон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо гузаштаи 30 сол шаҳри Бохтар- маркази маъмурии вилояти Хатлон соҳиби нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашон –автобус гардида, шуруъ аз моҳи сентябри имсол автобусҳои мусофиркашон ба ҳаракат даромада, ба сокинон ва меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти мусофиркашони Хатлон» 15 автобус аз 41 автобуси нақшавӣ, ки истеҳсоли ватанӣ мебошанд, ба шаҳри Бохтар расиданд. Рӯзҳои наздик 26 автобуси дигар вориди шаҳр хоҳанд шуд. Аз ин шумора 20 адад дар хатсайри дохилӣ ва 20 адад дар хастсайри байнишаҳрӣ ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд.
Раиси шаҳри Бохтар ин рӯзро барои шаҳри Бохтар ва сокинону меҳмонони он хурсандибахшу таърихӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки пардохти роҳкирои автобусҳо ғайринақдӣ буда, бо ин мақсад аллакай 40 ҳазор корт дастрас шудааст. Ҳамчунин 10 рӯзи аввал автобусҳо ба мардум ройгон хизмат мерасонанд.
Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳаи «Рушди нақлиёти мусофиркашони Хатлон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд амалӣ мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар









Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






