Дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023» доир шуд

Август 12, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /НИАТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 август дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023» баргузор гардид.

Дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест– 2023» сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, сармоягузорон, намояндагон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023» бо мақсади ҷалби бештари сармоя ва таъмини рушди бахшҳои гуногуну ба шуғл фаро гирифтани мардум гузаронида шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуданд.

Зимни оғози маросими расмии Форуми байналмилалии соҳибкориву сармоягузории «Помиринвест-2023» таъкид шуд, ки баргузории ин тадбири сатҳи баландро дар идомаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ барои рушди сармоягузорию соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки ин тадбири нек барои муаррифи намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилояти Бадахшон, заминаи хубе гузошта баҳри татбиқи имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагон ва мутобиқ будани қонунгузори барои фаъолият самарабахш дониста мешавад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург ва имконоти васеъ буда, қодир аст рушди устуворро дар соҳаҳои гуногун ба мисли захираҳои энергетикӣ обҳои тоза, канданиҳои фоиданок, маҳсулоти аз ҷиҳати экологии тозаро пеш барад.

Ба гуфти роҳбарияти вилоят, соли гузашта дар доираи баргузории Форуми мазкур зиёда аз 28 шартнома ва тафоҳумномаҳо дар соҳаҳои гуногун байни сохторҳои давлатӣ, созмону ширкатҳо ва шарикони рушд, дар ҳаҷми наздик ба як миллиард сомонӣ баста шуд, ки чунин натиҷа дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бесобиқа мебошад.

Сатҳи татбиқи ин иқдомҳо баланд буда, онҳо бобати фароҳам овардани шароити наву созгор ва мустаҳкам намудани таҳкурсии корҳои созандагию бунёдкорӣ мусоидат менамоянд.

Тазаккур дод шуд, ки ки маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус, дар самти ҳамкории хориҷӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ, дар заминаи принсипи сиёсати дарҳои кушода, шароити мусоид фароҳам гардид, ки лоиҳаҳои муштараки бузург амалӣ гарданд. Ҳамчунин, таъмини амнияти комил ва суботи иҷтимоӣ, дар ҳамгироӣ бо инкишофи инфрасохтори зарурӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо макони ҷолиби инвеститсионӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки муҳим, ки на танҳо дорои аҳамияти дохилӣ, балки минтақавӣ мебошанд, табдил дода истодаанд.

Ин лоиҳаҳо, аз як ҷиҳат агар масоили дохилиро ҳал намоянд, аз ҷониби дигар, онҳо барои ба бозори хориҷӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қавӣ гузошта истодаанд.

Чуноне ки таъкид шуд, дар натиҷаи мушоҳидаҳои соли гузашта, то ба имрӯз, аз 28 созишномаи ба имзо расида 12 адад ба маблағи 210,0 миллион сомонӣ анҷом пазируфта, дар 14 лоиҳа, ба маблағи 739,4 миллион сомонӣ корҳо дар ҷараён буда, оғози роҳандозии 2 созишнома, ба маблағи 8,6 миллион сомонӣ, соли равон ба нақша гирифта шудааст.

«Албатта, ин натиҷа ва таҷрибаи калони Форум моро водор месозад, ки ҷиҳати дарёфт, роҳандозӣ ва истифодаи лоиҳаҳои нав, махсусан, дар самти иқтисоди воқеӣ, фаъолияти густурдаро ба роҳ монем», — таъкид шуд дар Форум.

Тазаккур дод шуд, ки дар доираи чор стратегияи давлатӣ, айни ҳол дар ҳудуди ВМКБ лоиҳаҳои бузурги азнавссозии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма, дар масофаи 92 километр, аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади маъмурии ноҳия Рӯшон, ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ, идома дошта, бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, ба маблағи зиёда аз 630 млн сомонӣ ва НБ офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 15 млн. сомонӣ вусъати нав касб менамояд.

Дар соҳаи саноат бошад, дар асоси эълон намудани солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат бунёд ва таъсиси 92 корхона ба нақша гирифта шуда, танҳо соли равон 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон роҳбарияти вазорату идораҳо, вилоят ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар Форум суханронӣ намуданд.

Дар доираи чорабини иқтидорҳои истеҳсоли дар вилоят ва имкониятҳои барои таъмини рушди ояндаи он бо истифода аз навори видеоии банамоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон дар идомаи кори форум шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъияти оиди фаъолияти соҳибкори ва пешбурди тиҷорат ибрози андеша намудаанд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Август 12, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд