Дар шаҳри Хоруғ корхонаи протезӣ -ортопедӣ ба истифода дода шуд

Август 19, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ филиали Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир барои шахсони эҳтиёҷманди вилоят маводи протезию ортопедӣ дар шаҳри Душанбе фармоиш дода мешуд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи мазкур мушкилоти ҷойдошта дар ин самт аз байн бардошта шуд.

Корхона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, мувофиқи имконият узвҳои сунъии ҳаракат истеҳсол менамояд.

Бинои корхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.

Таъмиру навсозии филиали Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, 12 утоқи корӣ, аз ҷумла утоқҳои физиотерапия, протезбарорӣ, пойафзолбарорӣ, андозагирӣ ва гачгирӣ дар дохили бино ҷой дода шудаанд. Ҳоло дар корхона 12 нафар мутахассисону кормандон фаъолият намуда истодаанд.

Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 7 ҳазор шахсони дорои имконияти маҳдуд сабт шуда, 110 нафар бо протез ва 70 нафар бо артез ҳаёт ба сар мебаранд. Аллакай 9 нафар аз сокинони вилоят аз узвҳои ҳаракати сунъии истеҳсоли корхона бархӯрдор гардиданд.

Барои тавсеаи фаъолияти минбаъдаи корхона 2 нафар мутахассис аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, 2 нафари дигар ба шаҳри Ханойи Чин барои такмили ихтисос равона шуданд.

Зимни суҳбат масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳибкасб ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бояд гуфт, ки хизматрасонӣ дар корхона барои маъюбон ба таври ройгон пешниҳод гардида, зимни кӯҳна шудани узвҳои сунъӣ шахси эҳтиёҷманд метавонад бе масрафи маблағи иловагӣ онро барқарор намояд.

Барои хизматрасонӣ ба маъюбоне, ки имконияти омадан ба филиалро надоранд, нақлиёти махсус ба таври ройгон ихтисос дода шудааст.

Чунин раванди кор сарфи барзиёди вақти ниёзмандонро берун аз вилоят бобати дастрасӣ ба узвҳои сунъӣ аз байн бардошта, хизматрасонии босифатро дар маҳалли зисташон кафолат медиҳад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 19, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд