Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд

Август 8, 2023 11:22

ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода хабар дод.

Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бунёд намудани марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ба пешрафти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

«Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, маркетинг ва логистика аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, баҳри таъсиси мактаби содирот корҳои ташкилӣ оғоз ёфта, дар ин самт татбиқи тадбирҳои  зарурӣ идома дорад»,-афзуд Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ
«Ховар» 

АКС:АМИТ «Ховар»

Август 8, 2023 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид