Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати зиёда аз як саду ҳафтоднафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонон дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти корҳои сохтмонӣ ва иншоти асосии неругоҳ шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни сафар аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим гардид.
Инчунин барои болидахотирии коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби дастаи ҳунарии «Наврӯз» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод шуд.
Ин тадбири роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.
Ҳамин гуна иқдомро дар пайравӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар муассисаҳои олии таълимии мамлакат низ дар рӯзҳои таътили тобистонӣ метавонанд барои ҳайати кормандон ва устодон амалӣ намуда, бо рафти корҳои сохтмони дар неругоҳ ва шукӯҳу шаҳомоти ин иншооти нодири гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шаванд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд






