«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Аз шаҳри Турсунзода 13 довталаб ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 27.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз шаҳри Турсунзода 13 довталаб ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Озмуни мазкур аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр доир шуда, ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки давоми 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.
Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир гардида истодааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






