«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ин озмуне аст, ки дар он ҷавҳари дониш нуҳуфтааст
ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави мамлакат даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки 3506 нафар довталаб идома дорад. Аз ҷумла, ин озмун дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дошта, довталабон байни ҳам рақобат доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо иштирокчиёни озмуни имсола ҳамсуҳбат гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе», омӯзгори пойтахт Мавлуда Каримова иштирокчии даври шаҳрии озмун аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани адибони классики тоҷик» мебошад. Ба гуфтаи ӯ, китоб хондан дар қалби инсон нуреро бедор мекунад, ки тавассути он метавон зиндагиро бо нигоҳи нав дид. Новобаста ба он ки ҳамсуҳбати мо худ кори хеле пурмасъулият бар дӯш дорад, мегӯяд, ки «агар завқу рағбати китобхонӣ дошта бошӣ ва дилат барои хондан ҷӯш занад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонӣ».
Зеро ба гуфтаи ӯ, китоб ганҷинаи дониш, маҳзани умеду орзуҳо ва роҳнамои инсонҳо мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Дуруст аст, ки шахси китобхон хеҷ вақт дар торикиву душвориҳои зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ меҳисобад.
Мавсуф мегӯяд, ки ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми қишри ҷомеа китобхон гардид. «Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, фарқияти озмуни имсола он аст, ки дар он иштироки омӯзгорон бештар ба назар мерасад. Онҳо низ дар қатори шогирдонашон бо майлу рағбати зиёд маҳорат нишон медиҳанд.
Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Абдуллоева дар номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» байни довталабон рақобат дорад. Ӯ соли сеюм аст, ки бо завқи зиёд тавассути иштирок дар ин озмун донишу маҳорати худро сайқал медиҳад. Тавре мегӯяд, «озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати давлату миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад, зеро он ҷавҳари донише, ки омӯхтааст, дар зиндагӣ ба ӯ ҳатман даркор мешавад».
Лола Абдуллоева ба ин озмун омодагии хуб дидааст. Тибқи низомнома, ӯ 200 ғазал, 200 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт аз достон, 150 байт аз қасида, 100 байт аз навъҳои гуногуни шеърӣ аз бар ва 50 асари бадеӣ низ мутолиа намудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт барои соли 2023 2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






