ФУТБОЛ. Имрӯз навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври чоруми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола баргузор мешаванд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо соати 21:00 оғоз мешавад. Дар рақобати дигар дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон бо ҳам бозӣ менамоянд. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Узбекистон ва Афғонистон бо 6-имтиёзӣ садрнишин мебошанд. Дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон бе имтиёз дар поёни ҷадвал ҷой гирифтаанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






