Лоиҳаи нав: тавассути он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳае омода намудааст, ки тибқи он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва дигар воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд. Ин матлаб 1 август зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ин вазорат баён гардид.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар доираи амалишавии ин лоиҳа зарурати ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пеш меояд. Тибқи тағйирот ба қонун, хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд.
Иқдоми мазкур дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ амалӣ шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои дарёфти мавзуи зарурӣ ҳар лаҳза аз дилхоҳ техника истифода намоянд.
«Дар ин замина шуруъ аз соли гузашта тамоми китобҳои дарсие, ки барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 пешбинӣ шудаанд, ба таври электронӣ дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд ва хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд», -гуфт Раҳим Саидзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






