«МО ВАРЗИШГАРОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди Парчами давлатӣ таҳти унвони «Мо варзишгарон бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем» бо ҷалби масъулини соҳа, устодону мураббиён ва варзишгарони шинохтаи мамлакат ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва роҳбарияти шаҳри Душанбе ҳозиринро ба иди касбиашон шодбош гуфтанд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдоварӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи варзиш имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони ҷумҳурӣ баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.
Дар идома намоиши дастовардҳои варзишгарон ба маърази тамошо гузошта шуда, барномаи хуби фарҳангию фароғатӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи мамлакат баргузор гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд











Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






