Намояндагони раёсати доварони Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон омаданд

Август 14, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) оид ба рушди идоракунии доварӣ намояндагони раёсати доварони КФО ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳар сол Конфедератсияи футболи Осиё се мамлакатро барои лоиҳаи рушди идоракунии доварӣ интихоб менамояд. Имсол Тоҷикистон ба қатори давлатҳое шомил гардид, ки ин лоиҳа амалӣ мешавад.

Мақсади лоиҳаи идоракунии рушди доварон- муайян намудани ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи раёсат ва кумитаҳои доварони кишварҳое, ки шомили КФО мебошанд, ба шумор меравад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон роҳбари маъмурияти раёсати доварони КФО Ҳирокузо Абэ ва менеҷери лоиҳаи идоракунии раёсати доварони КФО Рии Ченгсеок бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ намояндагони раёсати доварони КФО аз бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» ва «Кӯктош» – «Файзканд» дидан намуданд.

Дар охир аз ҷониби комиссия барои беҳтар намудани сатҳи тайёрии доварон дар Тоҷикистон маслиҳатҳо дода шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 14, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд