НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба 13 000 корхона ва 789 000 нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хизмат расонидааст

Август 8, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли равон ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаю ташкилот, 789 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,9 миллион нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 маркази хизматрасонии бонкӣ бо шумораи қариб 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон хизмат расонидааст. Чунин иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали соли равон ва нақши бонк дар рушди иқтисодиёти мамлакат Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки дар ин давра «Амонатбонк», ки амалисозандаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад, тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 яке аз ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шуда, аз рӯи раддабандӣ дар ҷои аввал меистад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 1 марти соли равон бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» табдил дода шуда, Оинномаи бонк ҳамчун корхонаи воҳиди давлатӣ тасдиқ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 8, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд