НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Бӯстон давоми ним сол 6 корхонаи нави саноатӣ зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ба 52 адад расонида шуд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Нигорахон Ғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти хизматрасонии пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 309,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 миллион сомонӣ зиёд буда, 102 фоизро ташкил дод.
Аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулот, ба монанди орд, сабӯс, равғани растанӣ, оби маъданӣ, консерваҳо, нӯшокиҳои бе спирт, рехтаи пӯлодӣ, қубурҳои азбестӣ, қубурҳои пластикӣ арматураи сохтмонӣ, халтаҳои полиэтиленӣ, қоғази ташноб, мех ва мехи печон, сангҳои ороишӣ, ранги сохтмонӣ, маҳсулоти заргарӣ ва ғайра истеҳсол мешаванд.
Дар ин давра дар шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ва ташкили ҷойҳои кории нав тадбирҳо андешида шуда, давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 6 корхонаи нави саноатӣ зиёд гардид.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






