НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 515 мавзеи хатарноки аввалиндараҷа муайян гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд. Муайян гардид, ки 2209 минтақаи хавфнок (соли 2021- 1471) сабт шудаанд, ки қисми зиёди онҳоро мавзеъҳои селу обхезӣ, ярч, сангрезаву тармафароӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора дар ҷумҳурӣ 515 мавзеи хатарноки аввалиндараҷа, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 140 мавзеъ, Хатлон- 46, Суғд- 88, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 237 ва шаҳри Душанбе 4 мавзеъ муайян шудааст, ки дар онҳо гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ зарур мебошад.
Ин нуктаро 4 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон баён дошт.
Тазаккур дода шуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд сабабҳои кам шудани минтақаҳои хавфнок нисбат ба солҳои пешин ҳамасола кӯчанидани хоҷагиҳои дар мавзеъҳои хавфнок қарордошта ҳамчун муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои бехавф, гузаронидани корҳои пешгирикунанда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва манъ намудани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеъҳои осебпазир мебошанд.
Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки солҳои пеш дар шаҳри Душанбе 10 минтақаи хавфнок мавҷуд буд. Бинобар он сабаб, ки мақомот чораҳои зарурӣ диданд, ин минтақаҳо кам гардиданд.
Дар айни замон 2 минтақа дар ноҳияи Шоҳмансур ва 1-тоӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт мавҷуд мебошанд.
Дар ноҳияи Сино мавзеи «Лучоб» ва дар ноҳияи Шоҳмансур мавзеъҳое, ки дар маҳаллаи «Ховарон»-и шаҳр ҷойгир ҳастанд. Дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд. Дар ин ҷойҳо асосан хавфи омадани сел, ярч ва обхезӣ дар назар дошта шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






