НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат дар соли равон иттилоъ медиҳад. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе маълумот дод, ки дар ин давра дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоизро ташкил дода, 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Шералӣ Кабир афзуд, ки ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 31 фоиз ба саноати маъдан, 22 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 21 фоиз ба электроэнергия, 8 фоиз ба саноати мошинсозӣ, беш аз 5 фоиз ба саноати сабук ва дигар соҳаҳо марбут аст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дар ин давра истеҳсолшуда дар мамлакат қариб 60 фоиз ба вилояти Суғд, зиёда аз 23 фоиз ба вилояти Хатлон, 9,2 фоиз ба шаҳри Душанбе, 8,8 фоиз ба шаҳру навоҳии тобеи марказ ва 0,4 фоиз ба Бадахшон рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 61 фоиз ба саноати коркард, беш аз 20 фоиз ба саноати истихроҷ, зиёда аз 17 фоиз ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 0,4 фоиз ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






