НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷӣ пажӯҳиш гузарониданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон тавассути амалӣ намудани фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва тамоми кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид.
Тавре директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони марказ пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ буда, аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли равон таҳқиқоти анҷомдода аз рӯйи ду мавзуи бунёдӣ — амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳо ва дурнамою таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, амалӣ гардид.
Мавсуф афзуд, ки мутобиқ ба нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои имсол ва мавзуъҳои дар боло гуфта пажӯҳишҳои кормандон аз рӯйи 6 зермавзуъ гузаронида шуданд. Онҳо масъалаҳои марбут ба муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир, муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ, технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, авлавияти соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад






