НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон новобаста ба омилҳои берунӣ 8,3 фоиз афзоиш ёфтааст

Август 10, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла таҳримҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки вазъи иқтисоди ҷаҳонро нисбатан ноустувор ва душвор гардонидаанд, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат то 8,3 фоиз ё 54,2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Тавре муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин дастовардҳо ё дар маҷмуъ таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳмати саноатчиёну кишоварзони мамлакат ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба даст омад.

Таъкид шуд, ки дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,3 фоиз, кишоварзӣ- 7,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 27,1 фоиз, боркашонӣ-13,7 фоиз, гардиши савдо- 11,8 фоиз, мусофиркашонӣ- 8,9 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ — 5,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин давра сатҳи таваррум дар сатҳи 2,3 фоиз муътадил нигоҳ дошта шуд. Ин аз ҳисоби 3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа ва 2,9 фоиз молҳои ғайриозуқаворӣ ташаккул ёфтааст.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ нархи гӯшти гов 4,3 фоиз, картошка 28,6 фоиз, биринҷ 43 фоиз ва шакар 23,5 фоиз баланд шуд. Дар баробари ин нархи орди навъи 1-ум 17 фоиз, равғани растанӣ 22,9 фоиз, помидор 71,6 фоиз, бодиринг 57,4 фоиз, тухм 21,2 фоиз ва шир 1,9 фоиз коҳиш ёфт.

Баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин 16,4 фоиз, доруворӣ 8,4 фоиз, масолеҳи сохтмонӣ 4,5 фоиз ва маводи шустушӯйӣ 3,2 фоиз ба амал омадааст. Инчунин дар ин давра нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид