НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он (CS4a) оғоз ёфт, ки моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасонии машваратӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод 9 август ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар давраи ҳисоботӣ Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ (TSA) ва нақшаи Рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 аз ҷониби мушовирони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид пурра омода гардида, ба Кумита пешниҳод шудааст. Инчунин озмуни ширкатҳои машваратӣ ҷиҳати таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он (CS4a) ва Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон (CS4b) оғоз гардид, ки моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасанд. Дар заминаи анҷоми таҳияи нақшаҳои генералӣ тарҳи муҳандисӣ барои омода намудани чор лоиҳаи сармоягузорӣ (CS4c) барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст. Дар айни замон татбиқи лоиҳаи мазкур тибқи нақшаи мувофиқашудаи Бонки осиёии рушд идома ёфта, муҳлати анҷоми татбиқи он 25 июни соли 2025 муқаррар шудааст.
Дар баробари ин, лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30,0 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст, ки аз он 15,7 миллион доллари ИМА ба рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»- и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар он масъалаҳо вобаста ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мавзеи таърихиву табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон дар доираи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Испания ва Узбекистон шомили Кумита оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 гардид. Ин муваффақият барои мавқеи Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СУС нақши муҳим мебозад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






