НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб 31 маводро ба маблағи 50,2 миллион сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ ва қабули қарори дахлдор ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ 31 маводро ба маблағи 50 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид. Аз ҷумла, ба мақомоти Прокуратура 18 мавод ба маблағи 24 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, мақомоти Суди Олии иқтисодӣ 1 мавод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2 мавод ба маблағи 338 ҳазор сомонӣ ва ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 10 мавод ба маблағи 25 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ирсол намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баъзе аз муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо аудити молиявӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ муайян ва барқарор гардид.
Тибқи нақшаи корӣ ва муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар шашмоҳаи соли равон чорабиниҳои аудиторӣ дар 17 субъекти хоҷагидории давлатӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ муайян шуданд. Инчунин дар натиҷаи муроҷиати асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра дар 8 субъекти хоҷагидории ғайридавлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 22 миллиону 700 ҳазор сомонӣ муайян ва аз ин ҳисоб 18 миллион сомонӣ барқарор гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






