НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 7,0 фоиз баланд шудааст

Август 11, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон соли равон сиёсати қурбиро тибқи реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома до два дар ин давра қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 7,0 фоиз (аз 10,2024 сомонӣ дар санаи 31.12.2022 то ба 10,9140 сомонӣ дар санаи 30.06.2023) баланд шудааст.

Тавре муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, қурби расмии миёнадавраи доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад.

«Агар ба вазъи иқтисоди ҷаҳон дар ин давра назар андозем, маълум мегардад, ки қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйир ёфтааст»,-иброз дошт Фирдавс Толибзода. Мисол, қурби тангаи Қазоқистон 1,8 фоиз устувор ва қурбҳои лираи Туркия 38,1 фоиз, рубли Федератсияи Русия 23,7 фоиз, рубли Беларус 10,8 фоиз, юани Чин 5,1 фоиз, суми Узбекистон 2,3 фоиз ва соми Қирғизистон 1,8 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфтаанд.

Бо дахли вазъи низоми бонкии мамлакат Фиравс Толибзода иброз дошт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 64 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият доранд, ки 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурдро ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявии мамлакат дар ин давра ба 1 881 адад баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 33 адад зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид