РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Ба аҳолии деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ кумаки ғизоӣ расонида шуд

Август 7, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии пайомадҳои сел барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардҳо 120 сокини деҳа ва 6 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардиданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи ҳашар  2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр ҷӯйбор барои обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосӣ, лойқа ва регу санг тоза шуданд.

Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр равғани рустанӣ, 40 кило шакар ва 40 кило чой кумак намуд.

Корҳои бартарафсозии пайомадҳои сел идома доранд.

Ёдовар мешавем,  ки 28 июл дар ҳудуди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳрав ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ хисорот расонид.

 

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид