Сафари 5 гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии тоҷикони муқими Федератсияи Русия
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби намояндагон вазорату идораҳои дахлдори мамлакат 5 гурӯҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии тоҷикони муқими Федератсияи Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск сафар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи сафари мазкур дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мулоқоти ҳайати мазкур бо масъулони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзою фаъолони Шурои ҷамъиятии назди сафорат баргузор гардид.
Зимнан иброз гардид, ки байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳифз мешаванд. Таъкид гардид, ки намояндагони сохтору мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият менамоянд, бояд ба муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт ва фаврӣ вокуниш нишон диҳанд, онҳоро роҳнамоӣ ва ба мушкилоти ҳамватанони бурунмарзӣ мусоидати бештар намоянд.
Ҳамчунин доир ба масоили маънавӣ ва фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҳамчунин мулоқоти роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он яке аз масъалаҳои асосӣ- ин иҷрои тавофуқҳое буд, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини Сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои иҷрои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор дорад. Дар баробари ин, «Харитаи роҳ» ба имзо расидааст, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»






