Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони нави сирояти COVID — 19 дар як моҳи охир дар ҷаҳон 80% афзоиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар хулосаи ҳарҳафтаинаи эпидемиологии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба COVID-19 иттилоъ дода шудааст.
Дар ин давраи 28-рӯза 44% давлатҳо (103 аз 234) ҳадди ақал дар бораи як ҳолати беморӣ ба СУТ гузориш доданд.
Инчунин дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ишора гардид, ки панҷ минтақаи ҷаҳон дар бораи коҳиш ёфтани шумораи сироятҳо ва фавтҳо аз коронавирус гузориш додаанд. Ҳамзамон дар минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором афзоиши шумораи сироятёфтагон мушоҳида мешавад. Дар он ҷо низ камшавии шумораи фавтидагон сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан СУТ аз паҳншавии фаъолонаи штамми нави коронавирус EG.5. дар ҷаҳон ҳушдор дода буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз