Суди иқтисодӣ манфиатҳои қонунии ҳамаи иштироккунандагони парвандаро таъмин менамояд

Август 7, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тақвияти ҳамкории судҳои иқтисодӣ бо воҳидҳои сохтории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ба фоидаи давлат рӯёнидани боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ, бо дарназардошти иҷрои санадҳои судии солҳои қаблӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 261 166 859 сомонӣ таъмин шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 149 862 375 сомонӣ зиёд мебошад, — иттилоъ дод Раиси Суди олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотӣ, ки нимаи аввали имрӯз бо ҳузури хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 235 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, 235 ҳолати вайронкунии қонун муайян ва барои бартараф намудани сабабу шароите, ки боиси вайрон кардани қонун шудаанд, таъйиноти хусусӣ қабул шуда, барои тадбирҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани мурофиаҳои сайёри судӣ иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар баробари ҳамин, кормандони Суди олии иқтисодӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо якчанд мурофиаи таълимии судӣ гузаронида, тавассути телевизион, радиоҳои марказӣ ва маҳаллӣ бо сокинон дар мавзуъҳои баҳсталаби судӣ мулоқот ва суҳбатҳо анҷом доданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи шашмоҳаи аввали соли равон 1 592 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвоӣ ба судҳои иқтисодӣ ба маблағи зиёда аз 1 млн 153 ҳазору шашсаду 17 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.

Барои беҳтар кардани сифати фаъолият, инчунин табодули таҷриба ҳар семоҳа семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки судяҳои Суди олии иқтисодӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, баррасӣ мекунанд, ҳимояи баробари судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин ва санадҳои судиро дар шакли фармон, ҳалнома, қарор ва таъйинот қабул менамоянд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 7, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид