ТАҚСИМ Ё ТАХФИФ. Чаро соҳибкорон нархи маҳсулоти муҳлаташ каммондаро сари вақт арзон наменамоянд?

Август 2, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи мутахассисони агентӣ ба миқдори 460 ҳазор 808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, аз он 46 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни хӯроквории  муҳлати истеъмолиашон гузашта ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро соҳибкорон маҳсулотеро, ки муҳлати истифодааш кам мондаасту баъдан нобуд мегардад, сари вақт тахфиф ва ё ба ниёзмандону камбизоатон тақсим наменамоянд? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода чунин посух дод:

«Дар ин самт мутахассисони Агентӣ тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва машварат ба фурӯшандагону соҳибкорон риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро мефаҳмонанд».

Ба гуфтаи директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода, маҳз ҳамин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷой доранд, ки имрӯз дар бисёре аз марказҳои савдо гӯшаҳои алоҳида барои маҳсулоти муҳлати истифодаашон каммонда ва тахфифшуда ташкил  шудаанд. Зеро иҷрои чунин амал ҳам ба фоидаи соҳибкор ва ҳам истеъмолкунанда мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар бисёре аз давлатҳои пешрафта  таҷрибаҳои қобили дастгирӣ амал менамоянд. Масалан, дар баъзе давлатҳо агар субҳгоҳон нархи як кило мева 10 сомонӣ бошад, бегоҳ он ба 5 сомонӣ баробар мешавад.  Зеро онҳо намехоҳанд, ки маҳсулоти ба фурӯш нарафта як рӯзи дигар истода, вайрон шавад.

Ё ин ки дар баъзе давлатҳо чунин маҳсулотро соҳибкорон ба ашхоси ниёзманд садақа менамоянд.

Хуб мешуд соҳибкорону фурӯшандагони мо низ ба ин гуна иқдом пайравӣ намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид