ТОҶИКИСТОН ВА ЮНЕСКО: 30 СОЛИ ҲАМКОРИИ СУДМАНД. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ин муносибат ҳамоиши ҷашнӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 август бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг ЮНЕСКО дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО- ҳунари чакандӯзӣ, адрасбофӣ, дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин ҳамчун рамзи Наврӯз, шамшмақомхонӣ, фалаксароӣ, оши палав ва абрешимбофӣ муаррифӣ шуданд.
Ҳамзамон бо иштироки ҳунармандони касбии театрҳои мамлакат саҳначаҳои театрӣ оид ба Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин пешниҳоди иштирокчиён гардида, асарҳои миниатюрӣ, мусаввараҳои кӯдакони шаҳри Ваҳдат ва осори марбут ба ҳунари кулолгарӣ низ ба маърази тамошо бароварда шуд.
Дар бахши фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Ҳисор намоиш-суруди «Биё равем чойхона» ва аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Душанбе навозиши ғижак садо дод.
Зимнан меҳмонони намоиш бо гӯшаи Саразм ва имитатсияи ёдгории шаҳраки «Тахти сангин», ки ба муносибати 2500-солагии ин ёдгории таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ гардидааст, шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки аз давраи ба ЮНЕСКО шомил шудани Ҷумҳурии Точикистон 30 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат Комиссияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд.
Ин тадбир замина гузошт, ки то имрӯз якчанд осори таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ ворид шаванд.
Зимни ҳамоиш тамоми сертификатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 сол аз ЮНЕСКО ба даст овардааст, пешниҳоди ҳозирин ва тамошобинони Осорхонаи миллӣ гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»













«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






