«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз Хуҷанд 33 довталаб ба даври ниҳоии ин озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Август 21, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Дар ин давр 60 нафар намояндагони шаҳри Хуҷанд аз рӯи номинатсияҳои  композиторӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн байни довталабони аз 12 то 17-сола ва 18-40-сола фаъолона иштирок намуданд. 33 нафар намояндагони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 7 нафар- ҷойи якум, 19 нафар- ҷойи дуюм ва 7 нафар ҷойи сеюмро ба даст оварда, ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.

Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардида, дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат месанҷанд.

Тазаккур бояд дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.

Ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ  мебошад.

АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 21, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад