«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз Хуҷанд 33 довталаб ба даври ниҳоии ин озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар ин давр 60 нафар намояндагони шаҳри Хуҷанд аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн байни довталабони аз 12 то 17-сола ва 18-40-сола фаъолона иштирок намуданд. 33 нафар намояндагони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 7 нафар- ҷойи якум, 19 нафар- ҷойи дуюм ва 7 нафар ҷойи сеюмро ба даст оварда, ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардида, дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат месанҷанд.
Тазаккур бояд дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
Ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






