««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Синои пойтахт 24 нафар ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолиб баромаданд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо ситинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур дар маҷмуъ 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки дар натиҷа тибқи талаботи Низомнома 24 нафар ғолиб баромада, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Аз ҷумла, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), 6 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), 6 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, 6 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд






