32-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Назаре ба таъсису бунёд ва рушду ташаккули неруҳои сарҳадбони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ чунин гуфта буданд: «… дар оғози Истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хати сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз неруҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем»

Хатар аз сарҳад таҳдид менамуд

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — Истиқлолияти давлатии мамлакат ёдоварӣ намудан аз таъсисёбии неруҳои марзбонӣ ба ин хотир аст, ки он амалҳое, ки дар тӯли 32 соли охир аз тарафи роҳбарияти  мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудаанд, аз ҷиҳати миқёс ва аз рӯи суръат дар таърих камназир мебошанд.

Соли 1991 дар нахустин соли соҳибистиқлолӣ дар марзҳои Тоҷикистон сарҳадбонон ва неруҳои артиши миллӣ вуҷуд надошт ва чунин ҳолат ҳаргиз ба амнияту сиёсат ва  манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуд! Зеро амалан таъмин нагардидани ҳифзи сарҳад боиси  дар ҳаҷми зиёд  ворид шудани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, матлабу мафҳумҳои чопии зараровар ва  маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта буд. Зиёда аз ин ҳар рӯз дар ин ё он минтақаи сарҳадӣ душманони давлат ва миллати тоҷик ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, дар баробари яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ҳамчунин маводи тарғибгари ақидаву мафкураи ақибмондаву барои мардумони Тоҷикистон бегонаро ворид менамуданд ва  яке аз сабабҳои бесуботӣ, қонуншиканӣ, мусаллаҳшавии ғайриқонунӣ, авҷ гирифтани фикрронии динии асримиёнагӣ маҳз амалан набудани неруҳои сарҳадбони миллии Тоҷикистон дар сарҳад бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон буд.

Қарори стратегӣ ва амалҳои тактикӣ

Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ роҳбарияти  мамлакатро интихоб намуд. Бо ташаббуси роҳбарияти навинтихоб таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии Хуҷанд 18 декабри соли 1992 қарор қабул шуд, ки дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил шавад. 28 декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригадаи махсуси марзбонӣ ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд. Бо гузашти беш аз як соли дигар — 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти мамлакат Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Расман эълон  шуд, ки ҳадафи таъсис додани Қӯшунҳои сарҳадӣ таъмини назорати сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардан аз қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва садд гузоштан ба воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ба ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Ин замоне буд, ки Тоҷикистон аз давлати абарқудрати Шӯравӣ  як дона тир ва ё силоҳ ба мерос нагирифта буд, дар хатти пеши сарҳад неруҳои марзбони мутааллиқ ба давлати дигар истода буданд. Вале иродаи қавӣ, дурандешии сиёсӣ, амалу тадбирҳои қотеъона ва пайдарпайи роҳбарияти нави  мамлакат тадриҷан самараи нек овард. Нахуст, бо мақсади таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ Қонун «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур ҳадафҳо, вазифаҳои неруҳои марзбони мамлакатро ҷиҳати ҳифз кардани марзи Тоҷикистон бо чор давлати ҳамсоя: Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Чин  муайян намуданд.

Сипас, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба вазъияти мураккаб, шароити вазнин ва номусоиди иҷтимоиву сиёсӣ, имконияти маҳдуди иқтисодӣ заминаҳои моддиву техникӣ гузошта шуданд, муҳимтар аз ҳама, барои омода кардани кадрҳои ихтисосманди соҳа қадамҳои устувор гузошта шуданд. Аз тарафи давлат садҳо нафар ҷавонон ба мактабҳои махсуси ҳарбӣ фиристода шуданд.

Умуман, аз нахустин рӯзҳои таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, таълим ва тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳое амалӣ шуданд, ки таърих ёд надорад. Ҳар қадар вазъият зудтағйирёбанда, мураккаб ва пешгӯинашаванда буд, ҳамон андоза вокунишҳои амалии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати созмон додани неруҳои сарҳадии миллӣ саривақтӣ, босифат ва ҷавобгӯ ба талабот буд. Натиҷа чунин шуд, ки имрӯз иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои неруҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ

Бояд гуфт, ки соли 2005 ҳимояи сарҳади давлатӣ пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гузошта шуд. Инфрасохтори сарҳадӣ, ки ба тавозуни неруҳои сарҳадии Тоҷикистон гузашт, фарсуда ва кӯҳна буд. Навтарин биноҳо дар баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳо солҳои 30-40-уми асри ХХ сохта шуда буданд. Танҳо дар отряди сарҳадии Хоруғ, отряди сарҳадии Москва (ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ), отряди сарҳадии Панҷ баъзе аз иншооти ёрирасони нисбатан муосир сохта шуда буду тамом, дигар ҳамаи иншооти сарҳадӣ фарсуда буданд, хусусан давоми солҳои 1991-2005 дар ин иншоот ягон таъмир гузаронида нашуда буд.

Тавре ки Сарвари давлат  дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ соли 2019 таъкид намуданд, дар ҷараёни навсозӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъйиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд шуданд.  Садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ кушода шуда, манораҳои мушоҳидавӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ навсозӣ гардиданд. Бо ҳадафи таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадии иловагӣ таъсис дода шуд.

Давоми солҳои 2014-2019 бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат техникаи нав ва таҷҳизоти муосири сарҳадбонии зиёд харидорӣ  ва ба неруҳои марзбонӣ супорида  шуданд.

Агар соли 1999 барои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ду миллион сомонӣ сарф шуда бошад, пас соли 2009 Ҳукумати мамлакат ба эҳтиёҷоти неруҳои марзбонӣ 63 миллион сомонӣ равона намуд, ки афзоиши маблағ  33 баробарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин агар соли 1999 хароҷоти буҷети давлатӣ барои таъминоти сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ба амволи шайъӣ ва дигар молу маҳсулот 12 миллионро ташкил дода бошад, пас соли 2009 ин нишондиҳанда ба 60 миллион сомонӣ расида буд.

Самараи истиқлол ва натиҷаи фаъолияти қӯшунҳои сарҳадӣ

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 29-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик моҳи майи имсол дар ноҳияи Шаҳритус изҳор карданд, ки: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ бисёр иқдомоти зарурӣ – аз ташкили отряду комендатура ва дидбонгоҳу нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ сар карда, то таъсиси муассисаҳои таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони сарҳадбон амалӣ карда шуданд».

Зимнан, барои беҳтар намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот аз ибтидои таъсиси нерӯҳои сарҳадбонӣ 198 постгоҳи иловагии сарҳадӣ ташкил карда шудааст.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди 77 иншооти нави сарҳадӣ оғоз шудааст то моҳи майи соли равон 33 иншоот, аз ҷумла 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 1 комендатураи сарҳадӣ, 2 постгоҳи сарҳадӣ ва 166 хона барои афсарон, дар маҷмӯъ, барои 4000 нафар сарбозону афсарон бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд. Сарвари давлат дар суханронии мазкур таъкид карданд, ки: «Сохтмони 53 иншооти дигари сарҳадӣ босуръат идома дорад ва то моҳи сентябри соли равон, яъне дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Соли 2024, ки ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад, боз 15 дидбонгоҳи дигар дар мавзеъҳои баландкӯҳ пурра омода мегардад».

Умуман, солҳои охир аз ҳисоби имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 374 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, 487 иншооту биноҳои дигари сарҳадӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ сол ба сол беҳтар шуда, дар муддати панҷ соли охир бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 техникаи нав ва таҷҳизоти муосири сарҳадбонӣ харидорӣ гардид.

Имрӯз барои эҳтиёҷоти ҳайати шахсӣ ва дигар заруратҳои низомӣ, ки дар шароити кӯҳистон пеш меоянд, 100 техника харидорӣ ва ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ супорида шуд.

Моҳи майи соли равон дар ду минтақаи сарҳадии Панҷи Поён ва Шамсиддини Шоҳин зиёда аз 32 километр роҳ ба истифода дода шуда, то дидбонгоҳҳои сарҳадии «Шараф» 14 километр ва «Шоҳон» 7,5 километр хатти интиқоли нерӯи барқ мавриди истифода қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Тайи даҳ соли охир 1200 нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва 600 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони мо, яъне мутахассисони сарҳадбони оянда таҳсил доранд».

Дар тӯли қариб се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир 150 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои марзбон ҷони худро қурбон кардаанд.

Аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, то моҳи майи соли равон 129 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ 1700 оилаи афсарони мақомоти сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.

Сарҳадбонони тоҷик суботи минтақаро ҳифз менамоянд

Яке аз натиҷаҳои таъсис додани неруҳои марзбонии миллӣ баланд бардоштани мартаба, мақом ва эътибори сиёсиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Афғонистон зиёда аз 1400 км сарҳад дорад. Вазъияти сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсояи Афғонистон ба ҳама маълум аст. Агар неруҳои сарҳадбонии Тоҷикистон устуворона, бо иродаи қатъӣ дар хати сарҳад қарор намедоштанд, ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа набуд, ки даҳҳо ҳазор одамон ба давлатҳои минтақа: Қазоқистон, Русия, Украина, Молдова ва кишварҳои соҳили баҳри Балтика мерехтанд, даҳҳо ҳазор килограмм маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ба ин кишварҳо интиқол меёфтанд…

Президенти мамлакат вобаста ба мавзуи мазкур гуфта буданд: «Мо бо роҳи таъмин намудани ҳифзи марзҳои давлати худ ҳамзамон давлатҳои дигарро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла экспансияи терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳимоя намуда истодаем».

Ба ҳамин тартиб, дар замони истиқлолият ва бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, барои пойдории  давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми мамлакат нақши бузург ва таърихӣ дорад.

Акрам САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 9, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд