БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар панҷ ҷамоату деҳоти ноҳияи Восеъ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 6, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимии №16 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Зиёвуддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бинои иловагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат аст ва дар як баст 150 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз соли 1965 то инҷониб фаъолият менамояд. Норасоии ҷойи нишаст ва набудани  мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 300 нафар дар ду баст мушкили асосии муассиса бартараф гардид.

Соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода ҳамчунин мақсад гузоштааст, ки солҳои оянда дар назди муассиса майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити замонавӣ бунёд намояд. Алҳол дар муассисаи таълимӣ 600 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 47 нафар омўзгорони соҳибтахассус таълим медиҳанд.

Дар ифтитоҳи мактаби №16 роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва дигарон иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар баробари ин дар деҳаи Каримбердии Ҷамоати Худоёр Раҷабов мактаби таълимии №32 бо 240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов, муассисаи  таълимии №23 дар  деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабов барои 240 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аъзам Қодирзода, Муассисаи таълимии №70 бо 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Мирзоалиев ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24 – и деҳаи Қаратоғи ҷамоати Тугарак мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар айни замон дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 55 ҳазору 158 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд