БОКС. Муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Асрор Воҳидов (-57 кг) дар даври аввал бар Сулия Хамми аз Лаос зафар ёфта, 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш рақобат менамояд.
Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг дар нахустин рақобат бар намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Алхефити ғалабаи техникӣ ба даст оварда, 30 сентябр бо Баҳодир Жалолови узбекистонӣ қувва меозмояд.
Имрӯз муштзанони дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова (-52 кг) ба муқобили варзишгари Индонезия Новита Синадиа, Баҳодур Усмонов (-63 кг) ба муқобили Ертуган Зейнуллинови қазоқистонӣ ва Давлат Болтаев (-92 кг) ба муқобили намояндаи Туркманистон Асланбек Ачилов рақобат менамоянд.
Қаблан дигар муштзанони тоҷик Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дар аввалин қувваозмоӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷудочиёни Тоҷикистон ба хазинаи дастаи мунтахаб дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 се медал, аз ҷумла 1 тилло (Сомон Маҳмадбеков), 1 нуқра (Темур Раҳимов) ва 1 биринҷӣ (Беҳрӯзи Хоҷазода) ворид намуданд.
Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз шуда, то 8 октябр меёбанд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар аз 18 риштаи варзиш иштирок дорад.
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.
АКС: ТВ «Варзиш»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






