Дар 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақб ва 219 километр роҳи оҳан бунёд гардид

Сентябрь 9, 2023 18:10

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе 20 гузаргоҳи нав сохта мешавад.  Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар  зарфи 32 соли Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати  беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати  транзитӣ табдил додани Тоҷикистон корҳои  бунёдӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 5,1 миллиард сомонӣ

Дар зарфи 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 5,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард,  237 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби  мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хати роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардид. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.


Тоҷикистон — қаламрави воҳид

Дар радифи дигар соҳаҳо маҷмааи роҳу нақлиёт низ дар ин давра ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки  яке аз самтҳои стратегии рушди Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешуд, дар назди нақлиётчиёну роҳдорони ҷумҳурӣ  вазифаи дигари пурмасъул — ба давлати муосири транзитӣ табдил

додани Тоҷикистон гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки  «барои таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои мамлакат, инчунин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.


Бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ  соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем».

Бунёди шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ

Дар солҳои истиқлолият бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон  садҳо километр роҳу пулҳо сохтаву  таҷдид гардида, Тоҷикистон ба ҷаҳони мутамаддин пайваст гардид.

Роҳи байналмилалии «Мурғоб – Кулма», «Душанбе – Чаноқ», «Душанбе – Бохтар — Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе —  сарҳади Қирғизистон», «Душанбе – сарҳади Узбекистон», пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон  иншооти бузурги стратегие мебошанд, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамҷавор пайваст намуданд.

Имрӯзҳо сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар мамлакат идома доранд.

Барқарор ва ифтитоҳи қатораҳои мусофирбар

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон Тоҷикистон дар соҳаи роҳи оҳан ба комёбиҳои чашмрас муваффақ  гардид. Хусусан дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатсайри қатораи «Душанбе – Самарқанд – Тошканд» ифтитоҳ гардида, хатсайри қатораи мусофирбари самти «Душанбе – Волгоград», «Кӯлоб – Волгоград» ва «Хуҷанд – Волгоград» барқарор шуд.

Ҳамзамон Вазорати нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кумаки техникиро амалӣ намуд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардид.

Дар Душанбе Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ таъсис дода мешавад

Имрӯз  кормандони соҳаи нақлиёту роҳ дар рушди тамоми соҳаҳо ва  ободии мамлакат саҳми арзанда дошта, бо ташкили корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро бо ҷои кор таъмин  ва бо меҳнати софдилонаи худ дар ҷомеа мавқеъ ва обрӯву эътибори хосса пайдо намудаанд. Ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар, ташкили марказҳои логистикӣ дар доираи фаъолияти Муассисаи давлатии «НАХЛ», таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Рақамикунонии соҳаи нақлиёт» низ аз қабили  чунин дастовардҳо мебошанд. Инчунин дар ин давра Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали  Муттаҳид  пешниҳод ва дастгирӣ ёфт.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ қадами муассир дар рушди роҳу нақлиёт ва логистика

Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешрафти кор ва беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт   «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», «Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  ва «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мавриди татбиқ қарор доранд. Онҳо дар рушди  нақлиёти барқӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт  ва низоми логистикӣ дар  мамлакат нақши муассир  мегузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст
«ШОҲИ МЕВАҲО». Бо истифода аз мавсими хурмо ин меваро ба нафъи саломатӣ бояд истеъмол намуд
АСАЛИ ТОҶИКИСТОН. Зиёда аз сад намунаи он ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд
ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ. Чаро онҳо мутобиқ ба талаботи замон фаъолият надоранд?
«ИСЛОҲОТ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Роҳбарони корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиа ва мошинсозии Туркия ба Тоҷикистон даъват шуданд
1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД). Соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нав ба қайд гирифта шудааст
Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон масъалаи омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) оғоз гардид