Дар Агентии омор ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи омор ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маросим нахуст оид ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии 32 соли даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки давоми сиву ду соли соҳибстиқлолӣ, ки дар назди таърих муддати зиёде нест, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба таври назаррас рушду тавсеа ёфт.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба ду корманди варзидаи соҳаи омори давлатӣ- сардори Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» Саидакбар Қурбонов ва муовини сардори Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молияи Агентӣ Ҳукмиддин Қамарзода, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидаанд, дар маросими ботантана мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






