Дар Қасри Арбоб ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид

Сентябрь 8, 2023 16:49

СУҒД, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони мақомоту идораҳои давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.

Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози таърихӣ — 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки сокинони сарбаланду заҳматқарини вилоят имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 32 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми ҷумҳурӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Давлату Ҳукумат таҳти сарварии Президенти мамлакат ҳанӯз аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии худ эълон намуда, ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷумҳуриро ҳадафи стратегии худ қарор дод.

«Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2022 ва 6 моҳи соли 2023 сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 3100 иншооти таъиноти гуногун ба иҷро расонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят алҳол бомаром идома дошта, рӯз аз рӯз симои кӯчаву маҳалла, деҳаву деҳот ва шаҳраку шаҳрҳо зебо шуда истодааст»,-афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар идома ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста» ва медали «Шафқат» супорида шуд.

Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи пурмуҳтавои консертӣ, ки тараннумгару таҷассумгари истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву ватандорӣ буд, пешниҳод гардид.

АКС:Хадамоти Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 8, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд