Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

Сентябрь 22, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои  вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон — макони баргузории ҷаласа.

Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба танзими ҳуқуқии самтҳои алоҳидаи фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шахсони воқеӣ, рушди ҳамкории мақомоти ваколатдор дар ин самт, ҷараёни беҳсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст.

Қарор дар бораи таъсиси Шуро аз ҷониби панҷ давлат – Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардидааст. Ҷумҳурии Узбекистон ба Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 ноябри соли 2019 ҳамроҳ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар ҳошияи чорабинии мазкур ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил гузаронида шуд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 22, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд