Дар Душанбе ҷаласаи Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Шурои корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.
Дар ҷаласаи Шурои корӣ баррасии масоили кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои Беларус дар назар аст. Инчунин иштироккунандагон имкон доранд, ки гуфтушунидҳо анҷом диҳанд. Дар ҷараёни он баимзорасии якчанд санади дуҷониба дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид






