Дар Душанбе Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форуми мазкур дар доираи нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 13 то 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мешавад.
Дар форум вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар менамоянд.
Форум имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории давлатҳои мазкур дар самти маориф ва илм густариш ёфта, табодули устодону донишҷӯён зиёд гардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






