Дар Файзобод оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи зернизомӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод давоми се рӯз дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, бориши боронҳои пай дар пай ва омадани сел» машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машқ аз ҳисоби кормандони масъули Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ аз тарафи мутахассисони Кумита ба комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва тахлия, сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ дар ноҳияи Файзобод ва иншооти иқтисодии ҷалбгардида оид ба дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани он кумакҳои амалию методӣ расонида шуданд.
Дар ин машқ намояндагони зернизоми вазифавии ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарикунандаи Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи тахлияи ноҳияи Файзобод, аҳолии тахлияшавандаи ноҳия бо шумораи умумии қувва ва воситаҳо зиёда аз 930 нафар, 33 механизм ва техникаҳои махсус ҷалб шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






