ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад

Июль 11, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳсолаҳои охир ҷаҳон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ ворид гардидааст. Бо вуҷуди пешрафтҳои бесобиқа дар соҳаи илм, технология ва иқтисоди рақамӣ, инсоният ҳамзамон бо таҳдидҳои ҷиддӣ, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, кибертаҳдидҳо, буҳронҳои гуманитарӣ, тағйирёбии иқлим ва афзоиши муҳоҷирати иҷборӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки сулҳу субот на танҳо арзиши сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад.

— Дар чунин шароити ҳассос Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории созандаро пеш гирифта, бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими инсоният саҳми назаррас мегузорад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» боз як дастоварди бузурги дипломатияи тоҷик ва далели эътирофи байналмилалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳкими сулҳи пойдор, рушди фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ муттаҳид месозад.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар пояи эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории судманд ва таҳкими сулҳу амният асос гузошт. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист аз давлати ҷангзада ба мамлакати ташаббускори масъалаҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор, зеҳни сунъӣ, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо якдилӣ қабул гардиданд. Ин иқдомҳо обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ба таври назаррас боло бурданд.

Имрӯз ташаббуси нави Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда мебошад. Зеро сулҳ шарти аввалиндараҷаи татбиқи тамоми Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад.

Арзиши сулҳ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як мафҳуми назариявӣ нест. Мардуми тоҷик дар солҳои аввали истиқлолият оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва иродаи қавии мардум сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо тавассути муколама, таҳаммулгароӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва иродаи сиёсӣ метавон сулҳи пойдорро таъмин кард.

Аз ҳамин лиҳоз, пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон комилан мантиқӣ буда, ба таҷрибаи амалии ҷумҳурӣ такя мекунад.

Моҳияти асосии Даҳсолаи байналмилалӣ дар он аст, ки сулҳ бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ табдил дода шавад.

Имрӯз маблағҳои бузург барои мусаллаҳшавӣ, истеҳсоли силоҳ ва идомаи низоъҳо масраф мегарданд. Агар қисми муайяни ин захираҳо барои рушди маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад, ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба дастовардҳои бузургтар ноил гардад.

Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор месозад, ки ба ҷои рақобатҳои сиёсӣ ва геополитикӣ, фарҳанги ҳамкорӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмиро густариш диҳанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ташаббус ба наслҳои оянда равона гардидани он мебошад.

Ҷавонони имрӯз роҳбарон, олимон, соҳибкорон ва сиёсатмадорони фардо мебошанд. Аз ин рӯ, ташаккули ҷаҳонбинии сулҳпарваронаи онҳо аҳамияти бузург дорад.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ бояд фарҳанги сулҳ, арзишҳои инсонӣ, таҳаммулгароӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ба барномаҳои таълимии худ бештар ворид намоянд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ низ масъулияти ҷавонон дар истифодаи дурусту оқилонаи технологияҳо барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва мубориза бо паҳншавии иттилооти бардурӯғ аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ танҳо тавассути фаъолияти сиёсатмадорон имконнопазир аст. Дар ин раванд саҳми олимон, донишгоҳҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ хеле муҳим мебошад.

Имрӯз донишгоҳҳо бояд ба марказҳои тарбияи шаҳрвандони масъул, таҳаммулгаро ва рақобатпазир табдил ёбанд. Рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, технология ва инноватсия метавонад ба баланд гардидани сатҳи эътимод байни давлатҳо мусоидат намояд.

Ҳоло Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шудааст. Давлати мо дар бисёр масъалаҳои байналмилалӣ нақши пайвандкунандаи мамлакатҳо ва минтақаҳоро иҷро менамояд.

Қабули Даҳсолаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътимоди баланд дорад ва пешниҳодҳои онро ҳамчун заминаи рушди ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

Дар доираи татбиқи ин даҳсола баргузории конфронсҳо, форумҳо, барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷавонон метавонад ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди дипломатияи мардумӣ мусоидат намояд.

Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсати байналмилалии солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Ин ташаббус на танҳо пирӯзии дипломатияи Тоҷикистон, балки саҳми арзишманди ҷумҳурии мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Он бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва рушди устувор пеш мебарад.

Имрӯз, вақте ҷаҳон ба ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамбастагӣ бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорад, ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба платформаи нави ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфта, дар таҳкими сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо нақши муассир бозад.

Сулҳ арзиши бебаҳотарин неъмати инсоният аст. Ҳифз ва таҳкими он масъулияти муштараки ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббуси таърихӣ бори дигар собит намуд, ки дар сафи пеши талошҳои ҷаҳонӣ барои бунёди ояндаи амну осоишта қарор дорад.

Фирӯз ҒАФФОРЗОДА,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад