Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ шуд

Сентябрь 29, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 29.09.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» толори доимамалкунанда ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар ифтитоҳи толор намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои  марбута, муассисаҳои фарҳангӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо дар муаррифии осори таърихиву фарҳангии ниёгони тоҷикон, балки дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми назаррас дорад.

Мушовири бахши ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне мебошанд, ки на танҳо ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти давлати худ, балки ба иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ роҳбарони давлатҳои пешрафта ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.

Шуруъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон 5 қарордоди муҳим: Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли 2025 –Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардидаанд.

Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои марбут ба об дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол намуда, ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пирях аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд, ки нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистонро нишон медиҳанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид