Дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон 57 бинои нави муассисаи таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша, то охири соли равон ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Ин матлабро имрӯз, 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баён доштанд.
Пешвои миллат илова намуданд, ки ҳамзамон дар ҳашт моҳи соли равон 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст.
Бо дахли ин мавзуъ бояд гуфт, ки бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала Ҳукумати мамлакат захираву имконият ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона намуда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё намуда истодааст.
«Раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имконияти моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешем»,-иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.








Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад






